Саидов: Дар бораи марги Ҷаннатой иттилои бештаре наёфтем
Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, дар мавриди марги Ҷаннатой Усмонова, мудири кафедраи забон ва адабиёти руси Коллеҷи омӯзгории Хуҷанд, бо муовинони раиси Суғд ва масъулини маорифи вилоят суҳбат кардааст.
Ӯ марги Усмоноваро, ки собиқаи 40-солаи корӣ дар соҳаи маориф доштааст, таассуфовар хонда, таъкид намуд, ки то ҳол ноил нагардидааст, иттилои бештареро дар мавриди ин қазия дарёфт кунад: “Он иттилоеро, ки мо ёфтем, аллакай дар ВАО нашр шудааст.”
Ҷаннатой Усмонова, дар пайи ду бозпурсии маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод рӯзи 27-уми июни соли ҷорӣ аз манзили худ берун рафта, дигар барнамегардад. Ҷасади ӯро рӯзи 29-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Спитамен, аз назди соҳили Сирдарё, воқеъ дар ҷамоати Сарбанд, пайдо мекунанд.
Чанде пеш Дилшод Зарифов, сардори шӯъбаи мубориза бо фасод, ба “Озодагон” гуфта буд, нисбат ба Ҷаннатой Усмонова бар асоси моддаи 319, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, парванда оғоз гардида ва ӯ барои гирифтани 250 доллар “пора” муттаҳам дониста мешудааст.
Номбурда инчунин афзуд, “худи ҳамон рӯз пас аз дастгир шудан, баъд аз нишон додани нишонаҳои худиқрорӣ ва гузаронидани тафтишоти зарурии муфаттиш, чораҳои пешакӣ дар намуди забонхат дар мавриди аз ҷои зист баромада нарафтанаш, гирифта шуда буд.”
Дилшод Зарифов гуфт, дар мавриди фавти хонум Усмонова аз Раёсати умури дохилӣ иттилоъ ёфтаанд ва фикр намекунанд, ки бозпурсӣ сабаби худкушии ӯ шуда бошад. Ин дар ҳолест, ки наздикони Ҷаннатой Усмонова мегӯянд, ҳангоми азназаргузаронии ҷасад ягон аломати марги маҷбуриро мушоҳида накардаанд.