Вазир тафтиши ҳамла ба “Агроинвестбонк”-ро зери назорат гирифтааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 7 июли соли равон, тахминан соати 18:05-дақиқа, шахсони номаълум вориди бинои филиали «Агроинвестбонк», воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Файзобод шуда, посбони бонк, сержанти калони милитсия Шерализода Раҳмонхуҷаро, бо яроқи оташфишони хизматиаш тамғаи АКС ба ҳалокат расонидаанд.
Ин ниҳод мегӯяд, шахсони номаълум бо олоти буранда талош кардаанд, дари сандуқи оҳанини (сейф) –и бонкро буранд, аммо натавониста, автомат Калашникови посбони кушташударо гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Барои ифшои ҷузъиёти ҳодиса ва дастгир намудани ҳамлагарон бо фармони вазири корҳои дохилӣ, Раҳимов Рамазон, гурӯҳи махсуси тафтишотӣ-оперативӣ таъсис дода шудааст. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, сардорони Раёсатҳои дахлдори Вазорати корҳои дохилӣ барои кушодани ҷинояти мазкур сафарбар шуда, тафтиши ҳодисаи мазкур зери назорати қатъии Вазири корҳои дохилӣ қарор дорад.