Маврид ба ёдоварист, Таҳмина Ниёзова дар соли 2008 барандаи шоҳҷоизаи озмуни «Панҷ ситораи интервидение» гардид, ки дар шаҳри Маскав сурат пазируфт. Гуфтанист, барои ширкат дар озмуни «Бозори славянӣ» сараввал сабти чанд намунаи сурудҳоро бояд ба масъулини ин озмун ирсол намоӣ. Дар маҷмӯъ, се оҳанг: ду оҳанг дар бахши озмуни ҷашнвора ва як оҳанг дар бахши ғайриозмунӣ иҷро мешавад.Гузашта аз ин, як овозхон фақат як маротиба ҳуқуқи ширкат дар ҷашнвораи мазкурро пайдо карда метавонаду бас.Таҳмина Ниёзова мегӯяд, солҳои ахир кӯшиш дошт, ки дар ин озмун ширкат кунад ва инак фурсати мусоид фаро расидааст ва ӯ дар ин ҷашнвора се оҳангро иҷро хоҳад кард. Яке бо забони англисӣ аз сурудаҳои Селин Дион ва дигаре бо забони тоҷикӣ бо номи «Афсонаи дил», ки матни онро шоир Ворис (Ӯрун Назаров) навиштааст. Натиҷаи ниҳоии озмуни овозхонон бо ширкати ситораҳои эстрада фардо, 20-уми июл эълом хоҳад шуд.{jathumbnail off}