Кабирӣ гуфт, таваккулӣ вориди корзори интихобот намешавад
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, охири ҳафтаи гузашта, дар ҳошияи як нишаст, дар шаҳри Маскав ба хабарнигорон гуфтааст, дар сурате агар дар интихоботи қарибулвуқуи раисиҷумҳур номзаде пайдо нашавад, ҲНИТ маҷбур ҳаст ҳаракати мухолифинро дар ин маърака раҳбарӣ кунад.
Кабирӣ шарҳ додааст, ки “агар мо донем, ки ҳама дар асоси қонун ва мантиқи муборизаҳои сиёсӣ анҷом меёбад, пас ҷои тарс нест. Мо бовар надорем, ки ҷониби дигар аз таҷрибаи пешина истифода намекунад. Ман ба ин бовар надорам ва набояд инҷо таваккул кард. Ҳамчун як ҳизби сиёсии масъулиятшинос тамоми ҷанбаҳои манфию мусбатро дар тарозу вазн хоҳем кард.”
Раиси ҲНИТ таъкид кардааст, ки “мо намехоҳем, муноқиша рух диҳад ё мардуми тоҷик ба гуруҳҳо, исломӣ ва дунявӣ, тақсим шаванд.”
Кабирӣ ба суоли хабарнигор, ки таҷрибаи инқилоб дар Тунис ва Миср гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ҳангоме исломиён сари қудрат меоянд, ҳамчун ормонгаро, на амалгаро меоянд, посух гуфтааст, “албатта, мо инро хоҳем омӯхт. Мо ҳозир як эътилофи густарда таъсис додаем ва технократҳою мутахассисонро ҷалб мекунем.”
Муҳиддин Кабирӣ зарур донист, ки ҳар ғолиби интихоботи раисиҷумҳур бояд танҳо ба ҳизби худ такя накунад: “Мавқеи ман ҳамин аст, номзаде, ки аз як ҳизб намояндагӣ мекунаду пирӯз мешавад, на бояд бештар аз 10%-и кобинаи худро аз ҳизбаш ташкил диҳад. Яъне ҳадди аксар бояд 10 дар сад бошад. Дар умум намояндагони аҳзоб дар кобина бояд 40 дар сад бошанд, 60 дар сади дигарро доираҳои корӣ ва технократҳо ташкил диҳанд.”
Дар ҳамин ҳол Кабирӣ таъкид намудааст, ки ҳизбашон аз таҷрибаи ғании кор дар ҳукумат ва парлумон бархӯрдор аст: “Мо тули се сол дар ҳукумати эътилофӣ ва ҳудуди 10 сол мешавад дар парлумон фаъолият дорем. Яъне мо таҷрибаи корӣ ҳам дар парлумон ва ҳам дар ҳукумат дорем ва барномаҳои худро на дар асоси таҷрибаҳои аҳзоби сиёсии дигар тарҳрезӣ хоҳем кард, балки ба таҷрибаҳои худ такя мекунем. Он чӣ мо дар Тоҷикистон ба даст овардаем, ҳизбҳои сиёсии дигари хусусияти динӣ дошта, ҳоло барои ба даст овардани ин таҷриба бояд хуб омӯзанд.”