Шавҳари ҷавон занашро дар Данғара корд задааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, кормандони шуъбаи дохилии ноҳияи Данғара Шарипов Акбаралӣ Зулфалиевич, соли таваллудаш 1989 сокини ҷамоати деҳоти Сангтуда, деҳаи Гулистони ин ноҳияро боздошт кардаанд, ки дар қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ муттаҳам мешавад.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, дастгиршуда рӯзи якшанбеи 7-уми июл, дар манзили истиқоматиаш, бо ҳамсараш Дилороми Раҳматуллои Латифзода, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, ҷанҷол намуда, бо корди ошхонагӣ якчанд маротиба ба шикамаш задааст.
Ин ниҳод мегӯяд, Дилороми Латифзода бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардида ва нисбати ҳамсараш парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.