Муроҷиати эътилофи маъюбон ба ҳукумати Тоҷикистон
Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии ҳомии маъюбон, имрӯз, 8-уми июл, рӯзи маъюбону пиронсолон бо пахши як муроҷиатнома аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбонро ба тасвиб расонад.
Эътилоф, ки 9 созмони ҳомии ҳуқуқи башар ва маъюбонро дар бар мегирад, аз ҳукумати Тоҷикистон даъват намудааст, Конвенсияи маъюбонро тасвиб карда, воло будани сиёсати иҷтимоиро дар кишвар нишон диҳад. Ин Конвенсия, ки моҳи декабри соли 2006 қабул ва аз майи соли 2008 мавриди амал қарор гирифтааст, ба маъюбон имтиёзҳои зиёд барои табобат, таҳсил, ҷойи кор, дастрасӣ ба иншооти кӯмакрасон ва ғайра пешбинӣ мекунад.
Айни ҳол ин конвенсияро 155 кишвари дунё имзо намуда, 130 кишвари дигар аллакай онро ба тасвиб расондаанд. Тоҷикистону Белорусия дар ҳудуди ИДМ ягона кишварҳое мондаанд, ки то ҳол Конвенсияи байналмилалии ҳуқуқи маълулонро ба имзо нарасондаанд.
Дар ҳамин ҳол созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват намудаанд, ки Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро ба имзо расонад. Аммо ҳукумати Тоҷикистон аз тасвиби конвенсия худдорӣ мекунад ва далели он камбуди маблағ арзёбӣ мешавад, чун баъди тасвиби конвенсия ҳукумат уҳдадор аст барои маъюбон имтиёзҳоро фароҳам орад ва ба ҷомеаи байналмилалӣ ҳисобот диҳад, вале барои ин маблағ надорад.