Кормандони ОВИР маҳалли зисти Тутубалинаро мепурсанд
Олга Тутубалина, муҳаррири “Азия-Плюс”, мегӯяд, ду корманди ОВИР ба идораи онҳо омада, дар бораи ҷои зисти ӯ пурсидаанд. Ба қавли хонум Тутубалина, ӯ дар рухсатии меҳнатӣ аст ва аз ин сабаб бо кормандони ОВИР вакили мудофеи “Азия-Плюс”, Шӯҳрат Қудратов, суҳбат кардааст.
Яке аз кормандони ОВИР худро Ҷамшед Имомов мурарифӣ карда ва гуфтааст, онҳо мехоҳанд қонунӣ будани маҳалли зисти Тутубалинаро мушаххас кунанд. Ба қавли онҳо, Олга Тутубалина, шаҳрванди Русия буда, гӯиё бидуни қаде дар қаламрави Тоҷикистон ба сар мебарад.
Олга Тутубалина дар суҳбати кӯтоҳ ба “Озодагон” гуфт, "ман дар ҳайрат уфтодам, вақте ин хабарро аз идора ба ман гуфтанд. Барои онҳо мушаххас кардани ҷои зисти ман ду карат ду аст, вале маълум нест, чаро онҳо ба идораи мо омаадаанд. Ман чигуна метавонам дар ин ҷо зиндагӣ кунам, агар дар қайд набошам? Ман ҳам шаҳрванди Русия ва ҳам шаҳрванди Тоҷикистонам.”
Аз ин пештар, панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои венерологӣ аз болои рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс” ба додгоҳи иқтисодии Душанбе муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомониро талаб кардаанд.