Кумитаи ҷавонон: Китфи Чориеваро табобат кардем
Кабирҷон Ҷӯраев, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, мегӯяд, китфи Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷикро, ки дар олимпиадаи тобистонаи Лондон лат хӯрда буд, табобат кардаанд. Аммо оқои Ҷӯраев дақиқ нагуфт, ки барои табобати ин муштзани тоҷик чӣ қадар маблағ сарф кардаанд.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баъд аз бозгашти Мавзуна Чориева аз бозиҳои тобистонаи олимпии соли гузашта дар Лондон, ваъда дода буд, ки барои саривақт табобат намудани китфи латхӯрдааш, ӯро ба хориҷа мефиристад. Аммо ба гуфтаи Ҷӯраев, “бо сабаби пеш омадани масъалаи оиладоршавияш Мавзуна Чориеваро ба хориҷа фиристода натавонистем. Ба ҳамин хотир муолиҷа дар Тоҷикистон сурат гирифт.”
Мавзуна Чориева, муштзани 20-солаи тоҷик, дар олимпиадаи тобистонаи Лондон-2012 медали биринҷӣ ба даст овард, ки ягона медали Тоҷикистон дар ин бозиҳо буд.