Академик Абдуллоев: "Тоҷикон элитаҳои узбаканд"
Рустам Абдуллоев, доктори илмҳои иқтисодии Узбакистон, гуфтааст, кишвараш бояд узвияти НАТО-ро ба даст оварда, ба бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон иддаои бозпас гирифтани заминҳои худ кунад.
Ба гуфтаи Абдуллоев, дар давраи ҳукмронии Темури Ланг гӯиё ин минтақаҳо дар ихтиёри узбакҳо будаанд. Илова бар ин, академики узбак таъкид доштааст, ки Узбакистон ба хотири манофеи миллии худ бояд ба узвияти НАТО шомил шавад.
Дар бораи Тоҷикистон Абдуллоев афзудааст, “аслан тоҷикҳо ин “нухбагони узбак” мебошанд, ки бо забони форсӣ ҳарф мезананд, ба мисли он ки ашрофони рус дар қарни 19 бо забони фаронсавӣ менавиштанду сухан меронданд.”
Ин академики узбак ҳарфҳои раҳбари кишвари худро ба ёд оварда, мегӯяд, тоҷикону узбакҳо як миллате мебошанд, ки бо ду забон ҳарф мезананд. “Худи раҳбарияти Узбакистон буд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистонро ба хотири дӯстии бародаронаш ба мардуми тоҷик ва кумак намудан барои анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар дар солҳои 1992-97, ки мунҷар ба ҳалокати 150 ҳазор нафар ва муҳоҷир гаштани 75 ҳазор шуда буд, сари қудрат овардааст”,- гуфтааст Абдуллоев.
"Узметроном”, як торнамои узбакӣ, зиёдаравӣ ва ин изҳороти ғайримантиқии академики узбакро нишонаи гирифтории ӯ ба бемории шизофрения донистааст. Вале ҳамзмон “Узметроном” хабар медиҳад, ки ин мақола дар сомонаи зери назорати корманди собиқи Хадамоти махсуси Узбакистон чоп шудааст.