Акси президент ба ҷои реклама. Эҳтиром ё таблиғот? (ВИДЕО)
Акси Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар баъзе аз манотиқи кишвар ҷои рекламаҳоро мегирад. Маълум нест, чунин амалкард ба интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ки оқои Раҳмон яке аз номзадҳост, дахл дорад ва ё хайр.
Ахиран дар маркази Хуҷанд низ баъзе таблоҳои бузурги таблиғотиро бо акси Эмомалӣ Раҳмон иваз кардаанд. Яке аз чунин манзараро ҳамкори мо дар Хуҷанд наворбардорӣ карда ба мо фиристодааст, ки дар ихтиёри Шумо мегузорем.