Кумитаи дин: Интизори посухи шоҳи Саудӣ ба Эмомалӣ Раҳмонем
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як номаи расмӣ аз шоҳи Арабистонӣ Саудӣ хостааст, теъдоди квотаро барои ҳоҷиёни тоҷик коҳиш надиҳад.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки “айни ҳол мо интизори посух ба ин дархостем, ки шахсан бо имзои Ҷаноби Олӣ ирсол шудааст.” Мухторов таъкид намуд, ки танҳо баъди дарёфти посух масъалаи ихтисори ҳоҷиёнро баррасӣ хоҳанд кард.
Қаблан Кумитаи дини Тоҷикистон хабар дод, ки эҳтимол теъдоди зоирони Хонаи Худо имсол бист дарсад коҳиш ёбад. Ин тасмим ба дунболи дархости Арабистони Саудӣ гирифта шудааст, ки ҳоло машғули корҳои бозсозӣ дар фурудгоҳи Ҷиддаву Мадина мебошад. Имсол дар назар аст, ки аз Тоҷикистон ҳаҷро ҳудуди 6 ҳазор зоири тоҷик зиёрат кунанд ва якумин парвоз бо зоирин аз Душанбе 20-уми сентябр дар дар нақша аст.
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, пардохти маблағи ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомониро ташкил медиҳад ва ба ин хизматрасониҳо пули чипта ё билети ҳавопаймо (рафту бозгашт), маблағи авоид (боҷи шоҳӣ), иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Маккаву Мадина, се бор ғизо дар як рӯз, хидмати роҳбаладон, кумаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ зидди касалиҳои сирояткунанда, ҷузвдон, либос ва ғайраҳо.