Баҳри Хазар ва ҳудуди он мавриди баҳсу мунозираи ҳамсоякишварҳо
Имрӯз, 19-уми июл дар шаҳри Маскав иҷлосияи 29-уми коршиносони мамолики соҳили баҳри Хазар (Каспий) сурат мепазирад.
Тибқи иттилоъи расида, намояндаи Эрон дар ин ҳамойиш Муҳаммад Меҳдӣ Охундзода, масъули музокироти марбут ба режими ҳуқуқии баҳри Хазар (Каспий) ахиран вориди пойтахти Русия шуда, вакилони дигар кишварҳо низ ҳузур доранд.
Маврид ба ёдоварист, Эрон, Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Туркманистон-панҷ кишвари соҳилии баҳри Хазарро ташкил медиҳанд, ин давлатҳо пас аз фурӯпошии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, барои истифодаи режими ҳуқуқии баҳри Хазар ҳудуди 20-соли ахир машварат доранд. То имрӯз ҳамсоягони мазкур 28 ҷаласа доир кардаанд, аммо ба натиҷаи ниҳоӣ дар ин самт нарасидаанд.{jathumbnail off}