Ҳозирини мулоқоти президент дар “ғалбер”-и мақомот
Дилошӯб Орифзода
Як моҳ ин ҷониб, фикри тавлиди ин матлаб дар зеҳнам давр мезад, аммо вақт фурсат намедод. Чандин маротиба кӯшиш кардам, ки аз ин мавзӯъ даст кашам, вале рисолати касбиям маҷбурам сохт то дар ин бора ҳарф занам. Бале, боз сӯҳбат сари он меравад, ки чӣ касонеро ба мулоқоти президент бурданд ва ё ҷавонон чӣ корҳоро ба сомон расониданд, ки ҳамчун як ҷавони «фаъол» ба сӯҳбати раисҷумҳур мушарраф гардиданд?
Қариб ҷавоне нест, ки хоҳиши бо сарвари давлат суҳбат карданро надошта бошад. Ҳама мехоҳад дар мулоқоти раисҷумҳур ширкат кунад ва дар баъзе маврид арзу шикояту пешниҳодҳояшро ба президент расонад. Ва на ҳама сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро аз наздик дида аст. Аммо дар зеҳни аксари ҷавон ақидае ҷойгузин шудааст, ки ба мулоқоти раисҷуҳур на ҳамаро мебаранд ва ё имкони рафтан медиҳанд. Ин як мавзӯи баҳснок аст. Агар сари ин масъала сӯҳбат кунем, хело тӯл хоҳад кашид. Аз ин рӯ ба мавзӯи баррасишаванда бармегардем.
Суҳбати ҷавонони аз мулоқоти президент баргашта
Пас аз мулоқот баргаштани ҷавонон дар донишгоҳҳо вохӯрии донишҷӯёни аз мулоқот баргашта, бо муњассилин баргузор карда шуд, ки ба гуфти як нафар наздик ба раёсати Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд (ДДХ), аз Вазорати маориф ин супоришро гирифтаанд. Масалан, дар ДДХ аз санаи 7-уми июн то 12- уми ҳамин моҳ 12 вохӯрӣ бо донишҷӯён гузаронида шуд. Шояд ҳадафи ташкил кардани ин вохӯриҳо дар он буд, ки ҷавонони фаъол, ки аз номи донишҷӯёни донишгоҳи мазкур рафтаанд, ба боқимонда таҳсилкунандагон муҳтавои вохӯриро бифаҳмонанд. То куҷо муваффақ гардиданд, намедонам, аммо агар дигар вохӯриҳояшон ҳам ба мисли суҳбати дар толори факултаи филологияи тоҷик шуда бошад, тирашон ҳадаф рас набуд. Зеро ҷаласаи мазкур хеле дар сатҳи паст гузаронида шуд.
Санаи 7-уми июн дар толори факултаии филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрии таҳсилкунандагон бо ду нафар ҷавонони фаъоли вилоят, Қобилхӯҷа Обидов, ки ӯ дар Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ фаъолият мекунад ва Боҳир Раҷабов аспиранти факултаи филологияи тоҷик, ки ба мулоқоти президент роҳ ёфтаанд, баргузор шуд. Дар ин вохӯрӣ бояд донишҷӯёни факултаи санъат низ ташриф меоварданд, аммо мушоҳида нишон дод, ки аз ин факулта ҳамагӣ 2 – 3 нафар ҳузур доштанд. Аз рӯи қоғаз баромад кардани Қобилхӯҷа Обидов ба донишҷӯён писанд наомад ва касе аз байни онҳо хоҳиш кард, ки ба суолу ҷавоб гузаранд.
«Барои савол додан аз рӯйхати АМНИЯТ гузаштан даркор буд»
Аввалин суоле, ки ба мулоқоткунандагон ҷудо шуд, ин буд, ки аз синни чанд то чандро мо ҷавонон гуфта метавонем? Ба ин суол Обидов посух гардонид, ки аз 14 сола то 35 солларо мо метавонем ҷавон гӯем. Донишҷӯи дигари факултаи мазкур даст боло кард ва як суоли тӯлонӣ дод, ки мо мухтасаран суол ва ҷавобро меорем: - Вақте ки шумо ҳайати бисёр бузург аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе рафтед, ба ҷуз манфиатҳои худатон манфиатҳои ҷавонони тамоми вилоятро ба самъи президент расондед? Вақте ки шумо меравед, намоянда аз номи тамоми донишҷиён рафтед, шумо ягончиро пешниҳод кардед? Масалан, донишҷӯён фалон муаммо доранд?
Ба ин суол низ корманди Раёсати ҷавонон варзиш ва саёҳӣ вилояти Суғд ва дар як маврид дониҷӯи соли саввуми ДДХ Қобилхӯҷа Обидов посух дод: «Саволҳо буданд, лекин барои савол додан, гапа росташро гӯем, аз рӯихати АМНИЯТ гузаштан даркор буд. Пешниҳодҳо додем, лекин хаттӣ.»
Дар ҳамин лаҳзаҳо риштаи суханро аспиранти ДДХ Боҳирҷон Раҷабов ба даст гирифт ва ӯ вобаста ба ин суол чунин ибрози назар кард:
- Вақте ки президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоташон гуфтанд, ки халал нарасонед, монед ҳама арзу шикоятошонро гӯянд. Лекин дидед, ки чӣ қадар одам баромаданд дар назди микрафон (баландгӯяк). Ҳаммаи вай саволҳоро гӯш мекардем, шояд ду рӯз мулоқот давом мекард.
«Панҷ – шаш мулоқот дар ҳамин сатҳ гузаронида шавад…»
Як нафар донишҷӯи факултаи филологияи тоҷик, ки аз ифшо намудани номаш худдорӣ кард, дар мавриди вохӯрии ҷавонони аз мулоқоти президент баргашта, чунин ибрози ақида намуд, ки вақте шунидааст, соати 14:00 вохӯрӣ дар толори факултаи филологияи тоҷик баргузор мешавад, хеле шод гардида тамоми фаъолияташро як сӯ гузошта, ба факулта ташриф овардааст: «Интизор аз он будем, ки ун нафароне, ки онҷо рафтанд (ба мулоқоти президент) бисёр як нафарони арзанда ҳастанд ва метавонанд, ки барои ба амал гузоштани пешниҳодҳои президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мо як суҳбати хеле муфид доир менамоянд. Аз суҳбати як нафарашон, (манзураш Қобилхӯҷа Обидов), вақте ки ў суҳбат мекард, дар ҳарфҳояшон як муҳаббати ватандӯстонаву миллатдӯстона ҳис карда намешуд. Он кас худашонро таъриф карданд, васф карданд, ки дар ким кадом чорабиниҳо кор карданд, ин карданд, вай карданд. Аз ин мулоқот биссёриҳо хулоса баровард, ки нафароне, ки бисёр дар чорабиниҳо кор мекунанд, ҳамешагӣ метавонанд, ки дар мулоқоти президент иштирок карда бошанд.»
Дар идомаи суханаш донишҷӯ гуфт, он нафаре, ки ба мулоқоти сарвари давлат меравад, бояд каме фарҳанги сиёсиаш боло бошад. Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки баъзе суханҳои эшон байни ҷавонон ихтилофро ба миён овард: - Вақте ки онҳо сухан меронданд, гуфтанд, ки чандин ҷавонҳо бо тағобозиву амакбозӣ ҳатто ба вохӯрии президент шомил шуданд. Ин алакай дар байни дониҷӯён ва ҷавонон ҳамбастагиро намеорад, балки ихтилофро ба миён меорад. Агар панҷ – шаш мулоқот дар ҳамин сатҳ гузаронида шавад, эътимоди ҷавонон комилан аз давлату ҳукумат канда мешавад.
Ба ҷои хулоса
Дар мулоқоти мазкур ин ду ҷавоне, ки чун намоянда аз донишҷӯён ва ҷавонони фаъоли вилоят ба мулоқоти президент рафта буданд, корҳои ба сомон расонидаашонро гуфтанд ва бо боварӣ иброз намуданд, ки маҳз ҳамин фаъолияташон сабаби мушарраф гардидан ба вохӯрии раисҷумҳур гардид. Масалан, Боҳир Раҷабов гуфт, дар фестивали дӯстии Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар Қирғизизстон гузаштааст, фаъолона иштирок намудааст.
Қобилхӯҷа Обидов низ корҳои то ба мулоқот рафтаашро як ба як номбар кард. Ӯ гуфт, ки се сол мешавад, бе маош дар Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ фаъолият мекунад ва ягона мақсадаш кор омӯхтан аст. Кори дигари назаррасашро дар он мебинад, ки ягон чорабиниҳои сатҳи вилоятӣ бе иштирок ва ташаббуси ӯ гузаронида намешуда аст. Дигар ин ки дар вақти сафарҳои раисҷумҳур ба вилояти Суғд Обидов ҷавонҳои беҳтаринро бурда шиоргӯї (яъне дар ду ҷониби роҳ ҷавонон саф мекашанд ва бо наздик шудани сарвари давлат чунин ҳарфҳоро мегӯянд: Хушомадед, Ҷаноби олӣ, ободӣ аз шумост…) мекардааст.
Ҷавонони азиз, шумо фаҳмидед, ки барои ба мулоқоти сарвари давлат шомил гардидан, чӣ корҳоро бояд ба сомон расонед. Яъне, дар шанбегиҳову шиоргӯиҳо, парчамбардорӣ ва он корҳое, ки аз ҷониби мақомоти иҷроия ва раёсати донишгоҳ фармуда мешавад, бе чунучаро иҷро намуданатон зарур аст. Аз рӯзи аввали фаъолият маблағ талаб нанамуда, то се сол ройгон кор кардан лозим ва …
Бо ҳамин иктифо мекунам, агар хоҳиши ба мулоқоти навбатии сарвари давлат рафтанро дошта бошед, ҳатман як маротиба назди Қобилхӯҷа Обидов биравед ва аз ӯ сухан гуфтану кор карданро омӯзед. Бовар дорам шуморо ҳам дар мулоқоти баъди хоҳанд бурд. Боваратон намеояд?