Зиёиён 200 ҳазор сомонӣ ва ҳабси амволи Тутубалинаро хостаанд
Панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои венерологӣ аз болои рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс” ба додгоҳи иқтисодии Душанбе муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомониро талаб кардаанд.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” худи Олга Тутубалина рӯзи 5-уми июл хабар дода, афзуд, ки даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон аризаи даъвогиро ба суд пешниҳод карда, нусхаи онро имрӯз ба идораи “Азия Плюс” овардаанд.
Даъвогарон иддао доранд, ки Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таъқир кардааст. Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид кардааст, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
Қаблан Меҳмон Бахтӣ дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” аз азми қавӣ барои ба додгоҳ кашидани Тутубалина хабар дода, дар шарҳи он афзуд, ки “Вақте вай моро мебахшед, «гуҳ» мегӯяд, чӣ зиёиён бояд хап шинанд? Як нафаре, ки эҳтимол чени нохуни пойи беҳтарин зиёиёни тоҷик хидмат накардааст, ҳамаро ҳақорат кардааст. Вай на танҳо зиёиёни тоҷик балки миллатро таҳқир кардааст. Тасаввур кунед, ки ҳамин хел одам дар ягон кишвари дунё, аз ҷумла Қирғизистон, Туркманистон ё Гурҷистон мебуд ва нисбати зиёиён ҳамин гапро мегуфт, зиёиён вайро пӯст мекарданд ё буз мекашиданд.”
Меҳмон Бахтӣ шарт гузошта буд, ки агар Олга Тутубалина аз зиёиён узр хоҳад, онҳо ба додгоҳ муроҷиат нахоҳанд кард. Аммо Олга Тутубалина, муҳаррири ҳафтаномаи “Азия-Плюс”, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, барои нашри матлаби “Неинтеллигентно об интеллигенции” аз ҳеч кас маъзарат нахоҳад хост. Чун ба гуфтаи ӯ, “касеро таҳқир накардаам ва ҷое барои маъзаратхоҳӣ намебинам”.