Крупнов гуфт, Путин пуштибони Раҳмон дар Кремл аст (Навшуда)
Юрий Крупнов, раҳбари Ҳаракати рушд, имрӯз, 5-уми июл, зимни як ҳамоиш дар Душанбе изҳоротро, ки дар Кремл аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон монда шудаанд, беасос гуфта, элитаи Русия дар симои президенти ин кишвар Владимир Путинро пуштибони Эмомалӣ Раҳмон хонд.
Крупнов зимни ҳамоиш дар мавзӯи "Мушкилоти рушди муштараки авруосиёи Тоҷикистон ва Русия" таъкид намуд, ки пурқудратии Тоҷикистон ин орзуи Русия аст. Ба гуфтаи ӯ Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро дорад, то ба “Шери минтақаи АвруОсиё” табдил ёбад. Крупнов гуфт, ки ба ҳар гуна пешгӯӣ ва изҳороти коршиносони рус дар мавриди Тоҷикистон аҳамият додан даркор нест.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории “Озодагон” миёни коршиносони маъруфи рус суол гузошт, ки оё Андрей Грозин, раҳбари бахши Осиёи Марказии пажуҳишгоҳи ИДМ ҳақ аст, ки гуфт дар Кремл ҳомиёни Эмомалӣ Раҳмон намондаанд? Мусоҳибон посухҳои зиддунақиз доданд.
Даниил Кислов, сармуҳаррири хабаргузории “Фергана”: "Ба фикри ман Путин ва Раҳмон умумият доранд. Ҳар дуяшон ҳам президентҳои мардумӣ нестанд. Бино ба ин бовар дорам, ҳардуяшон манофеи муштарак, вале на мардумӣ доранд. Вазъ дар Тоҷикистон ҳамонгунааст, ки дар Русия ва фикр кардан, ки дар ҳукуматдорони Русия аз шарикони тоҷикистонияшон бовиҷдону масъулиятдортаранд аблаҳист. Ростӣ барои ман аҳамият надорад, ки дар Маскав аз Раҳмон монда шудаанд ё на. Агар Кремл монда шудааст, ба он маъно, ки мехоҳад барои тоҷикон дар роҳи дастёбӣ ба демократия кӯмак кунад, ман харсандам. Аммо Кремл бояд аввал дар кишвари худ ҳокимиятро дар ихтиёри мардум гузорад."
Аркадий Дубнов, журналист: "Дар маҷмӯъ бо Грозин розиям. Ба назарам дар Маскав аз Раҳмон монда шудаанд. Кифояти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон танҳо бо чоҳталабияш муқоисашаванда аст. Президенти Тоҷикистон ба он сатҳе, ки дигар аз он гузашта наметавонад барвақт расидааст ва воқеияти асри 21 тамоман навъи дигари роҳбариятро талаб мекунад, на онеро, ки ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон нишон дода истодааст."
Ахиран Андрей Грозин, раҳбари бахши Осиёи Марказӣ дар Пажуҳишгоҳи умури кишварҳои узви ИДМ (СНГ) дар Маскав, гуфт, “ҳоло метавон ба таври ошкоро ҳарф зад, дар ҳукумати Русия мансабдорони воломақоме, ки аз Эмомалӣ Раҳмон ва командаи ӯ ба хотири анҷоми вазифаҳои бузург дар Тоҷикистон ва мардумаш ҳимоят мекарданд, боқӣ намондааст.”
Оқои Грозин, ки ин ҳарфҳоро дар суҳбат бо Оҷонси иттилоотии “REX” баён доштааст, афзуда, ки “маҳз аз ҳамин ҷо решаи аксарияти воҳимаҳои раҳбарияти ҳукумати Тоҷикистон тақвият меёбад.”
Ба гуфтаи ин коршиноси рус, вақт вазъияти элитаи тоҷику русро тамоман тағйир додааст. “Дар ҳар сурат, дарк кардаанд, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон амну субот дар Тоҷикистонро яксон таъмин карда наметавонад. Илова бар ин, ҳукумати Тоҷикистон барои ҷомеаи тоҷику давлати ин кишвар якранг муносибат намекунад”,-афзудааст ӯ.
Андрей Грозин дар идома гуфтааст, мақомоти тоҷик новобаста аз он ки шартнома оиди будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро ба тасвиб мерасонанд ё на, ё суол дар мавриди нерӯгоҳи Роғун, барои ҷониби Русия дигар ҳамчун шарики стратегӣ эътимодбахш боқӣ намондаанд.