Муфтӣ “Мо хостем, ба низоми яккамазҳабӣ диққати ҷиддӣ дода шавад”
[b]Сайидмукаррам Абдулқодирзода[/b], раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, гуфт, рӯҳониён ба [b]Эмомалӣ Раҳмон[/b] пешниҳод кардаанд, ки ба масъалаи яккамазҳабӣ, яъне мазҳабӣ ҳанафӣ дар кишвар диққати ҷиддӣ дода шавад. Зеро ба гуфтаи ӯ, [b]"оромию пешравии ҷомеа аз ин хеле вобастагии зиёд дорад."[/b]
Оқои Абдулқодирзода, ки аз мулоқоти президент Раҳмон дар “Кохи Ваҳдат”-и Душанбе берун омад, бо хабарнигори “Озодагон” гуфтугӯи кӯтоҳе анҷом дод ва афзуд, [b]“ин мулоқот бисёр одию шаффоф ва озоду васеъ гузашт. Ҳар шахсе, ки гуфтанию дархосте дошт, ироа кард. Дар он на танҳо шунидан, балки аз ду тараф гуфтугӯшунидҳо ва суҳбатҳои ҷиддӣ ҳам буданд.” /b]Ба гуфтаи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, ин мулоқоти оқои Раҳмон аз вохӯриҳо қаблӣ фарқ мекунад: “Аз вохӯриҳои қаблӣ бо ин фарқ менамуд, ки дар ин дидор ҷамоатчигӣ ва рӯҳониёну тамоми ходимони дин иштирок карда, ҳамаи дархосту мақсадҳои худро иброз намуданд.”
Сайидмукаррами Абдулқодирзода гуфт, президент аз иттиҳодияҳои динии кунунии кишвар ҳеч нигароние надоштааст: [b]“Читавре мебинем, дар Олами Ислом бо таъсис ёфтани маҷмуаву гуруҳҳои тундарав кишварҳои исломӣ ноором шуда истодааст, вале раҳбари давлат аз иттиҳодияҳои динии кишвар нигароние надоштанд.”[/b]
Мулоқоти [b]Эмомалӣ Раҳмон[/b] бо рӯҳониён ва аҳли ҷамоатчигии кишвар субҳи чоруми июл дар “Кохи Ваҳдат” оғоз ва бештар аз панҷуним соат идома кард. Дархости рӯҳониён дар мавриди ҳифзи низоми яккамазҳабӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар муқаддимаи Қонуни нави дин ҳам навишта шудааст: [b]“Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, Қонуни мазкур қабул карда мешавад.”[/b]
Гузашта аз ин, борҳо раисиҷумҳури Тоҷикистон мазҳаби ҳанафиро ба унвони мазҳаби таҳаммулпазир муаррифӣ карда, пайравӣ аз онро таъкид доштааст. Ин аст, ки соли 2009 давлати Тоҷикистон бо баргузории ҳамоише аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ, таҷлил кард.
Мақомот мегӯянд, навад дарсади аҳолии Тоҷикистон мусалмон ва аксари онҳо пайрави мазҳаби ҳанафиянд. Дар баробари онҳо пайравони мазҳаби Исмоилия низ кору зиндагӣ мекунанд. Аммо ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле ба таблиғи мазҳаби ҳанафӣ бештар пардохт, ки пайравони Салафия, як равияи тозапайдои аҳли суннат ва ҷамоат дар оғози солҳои 2000 ба майдон омада, бо пайравони мазҳаби ҳанафӣ вориди баҳс шуданд.