Табодули амвол дар Тоҷикистон ба 2 213, 9 миллион доллар расид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар 6 моҳи ахири соли равон 2 213,9 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 524,7 миллион доллар ё 31, 1% зиёд мебошад.
Ба иттиллои хадамоти гумруки кишвар, аз ин миқдор маблағ 1 527, 3 миллион доллар ба воридот ва 686,6 миллион доллар ба содирот рост меояд. Бино ба маълумоти манбаъ, воридот 34,8% ва содирот 23,4% афзоиш ёфтааст. Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ доданд.{jathumbnail off}