Гулнора Каримоваро хабари тафтиши манзилҳо дар Фаронса ба Узбакистон овардааст
Пулиси Фаронса дар чорчуби амалиёти таҳқиқи пулшӯӣ чанд манзилеро кофтукоб кардааст, ки гуфта мешавад, ба Гулнора Каримова, духтари бузурги президенти Узбакистон мансубанд.
Оҷонсии иттилоотии ТТ-и Швейтсария гуфтааст, ин кофтукобҳо бо дархости прокуратураи Швейтсария анҷом шуда, ҳадафи он мусодираи аснод ва ҳабси амвол будааст.
Ахиран хабар расид, ки додситонии Швейсария нисбат ба чанд шаҳрванди Узбакистон, ки ҳамчунин гуфта мешавад ба Гулнора Каримова иртибот доранд, тафтишоти густурдаеро оғоз кардааст.
Бино ба иттилои расонаҳои ғарбӣ Гулнора Каримова дар Фаронса соҳиби чанд манзили боҳашамат аст.
Расонаҳо бо такя ба як манбаъ аз Тошканд навиштаанд, манзиле, ки дар Фаронса мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифт, воқеан ба духтари президенти Узбакистон таалуқ дорад. «Худи Гулнора он вақт дар Аврупо қарор дошт ва баъди шунидани ин хабар зуд ба Узбакистон баргашт»,-гуфтааст ин сарчашма.
Аз ин пештар расонаҳо навиштанд, ки Лола Каримова, духтари хурдии Ислом Каримов, бо нархи 58 миллион доллар яке аз қимматарин хонаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро харидорӣ кардааст. Бино ба иттилои Real Estalker, ин қаср, ки аз он Le Palais ном мебаранду ҳудуди 48 000 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад, дар шаҳри Беверли-Ҳиллзи Калифорнияи Амрико ҷойгир буда, соли гузашта 58 миллион доллар нархгузорӣ шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ин духтари 34-солаи раисиҷумҳури Узбакистон то ин дам бо Темур Тиллоев, шавҳар ва се фарзанди худ дар Beverly Park ба сар бурда, ҳаққи иҷораи моҳонаи хонае, ки дар он зиндагӣ менамуданд, 100 ҳазор долларро ташкил медодааст.
Дар гузашта ҳам хабар расида буд, ки Лола Каримова дар Шветсария ба маблағи 41 миллион доллар қасреро харидорӣ кардааст.