Аз имомхатибону Шӯрои уламо чиро метавон интизор буд?
Ҳумайрои БАХТИЁР
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо имомхатибоне сурат мегирад, ки ҳукумат онҳоро интихоб кардааст.
Шояд гурӯҳе бигӯянд, ки дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имомхатибон маҳдудиятҳои мазҳабӣ аз миён бардошта шавад. Бубинед, тамоми имомхатибони масоҷиди кишвар аз ҷониби ҳукумат интихоб ва таъин мешаванд ва мавзӯи мавъизаҳои онҳоро Кумитаи дин “дикта” мекунад. Аз имомхатибони “ҳукуматӣ” ҷомеа ҳалли кадом мушкилро бояд мунтазир бошад?
Тасаввур кунед, ки гуфтугӯи президент бо рӯҳониён дар кадом шакл сурат мегирад?
Аслан масъалаи маҳдудияти озодии виҷдон барои мардуми тоҷик то андозае ҳассос ва дардовар ҳаст. Чунки дар ҳеч давлати дунё намозгузорӣ, даъват ба дин, азон, гузоштани риш ва доштани рӯсарӣ барои мусалмонон маҳдуд нашудаву намешавад.
Мушоҳида мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон ва мансабдорон дар чеҳраи Ислом ва мусалмонӣ танҳо таҳдидҳоеро дида, бо маҳдуд кардан ҷомеа ва худро аз «бало»-ҳо эмин нигоҳ медоранд. Ба гуфтаи ҷомеашиносон агар таълимоти динӣ ба таври озод ба роҳ монда шавад, ҳеч хатару таҳдиде ба давлату ҳукумат нест.
Аммо вақте имомхатибони мӯҳтарам ба ин ҳама маҳдудияти озодии виҷдон ҷашм мепӯшанд, баъид аст, ки дар баробари раисиҷумҳур онҳо ҳарферо бар манфиати мардум бигӯянд. Ҳарчанд масъулини ҳукумат рабт доштани ин мулоқотро ба маъракаи интихоботи президентии моҳи ноябр рад мекунанд. Вале омодагии “ҷидди”-и ҳукумат барои пазироӣ аз имомхатибон бозгӯи чизи дигар аст.
Ба иттилои Кумитаи дин корхонаи дӯзандагии “Ёқут-2000” ӯҳдадор шудааст, то барои рӯҳониёни даъватшуда, шим, ҷелак, кафш ва пероҳан таҳия кунад. Зоҳирпараст будани ҳукумати Тоҷикистон барои ҷомеа иттилои наве нест. То имрӯз тасмимҳои мақомот бо мушаххас намудани либоси “ягона”-ву “намунавӣ” барои мактаббачагон, донишҷуён ва омӯзгорон сару садои зиёдеро ба вуҷуд оварда буд. Аммо ин навбат мақомот кӯшиши ба танзим даровардани пӯшиши рӯҳониёнро дорад. Ва боз ҳам он гурӯҳи рӯҳониёне, ки садоқат ба ҳукумат доранд, на дину мардум.
Аз тарафи дигар чиро метавон аз ин имомхатибон ва Шӯрои уламову Кумитаи дин мунтазир буд, вақте масъулини мӯҳтарами ин ниҳодҳо афзоиши теъдоди масоҷидро сабаби аслии фитнаву тафриқа дар ҷомеа медонанд. Вақте дин муқаддас ва аз давлат ҷудост, пас, нофаҳмост, ки чӣ гуна як нерӯи ҳукуматӣ ҳуқуқи дахолат кардан ба озодии виҷдонро дорад?