2011-05-02 12:50
Лоиҳаи нави «Қоидахои имлои забони тоҷикӣ» мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дорад.
Дар ин бора райиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҷумхурии Тоҷикистон Додихудо Саймуддинов зимни як нишасти хабарӣ дар ҳузури рӯзноманигорон иттилоъ дод. Бино ба гуфти Саймуддинов пешнависи санади мазкур аллакай омода гардида, барои омӯзиш ва мувофиқа ба вазорати маориф, академияи улум, институтҳои тадқиқоти-илмӣ ва донишкадаҳои олии мамлакат ирсол гардидааст. Номбурда афзуд, қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки феълан аз он истифода мебаранд аз нигоҳи қоидаҳову меъёрҳои навишт ва бунёди илмию таърихӣ ниёз ба таҳриру такмили ҷиддӣ дорад.