Дастури Убайдуллоев барои назорати қатъии марказҳои дилхушӣ
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, дар ҷаласаи корӣ аз рафторҳои номатлубу ғайриахлоқии иддае аз ҷавонон дар марказҳои дилхушию фароғатӣ изҳор нигаронӣ намудааст.
Тавре Шавкат Саидов, сардори дафтари матбуоти шаҳрдорӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, Убайдуллоев ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр дастури қатъӣ дод, ки дар доираи регламенти шаҳр фаъолияти муассисаҳои мазкурро зери назорати доимӣ қарор дода, нисбати ноболиғон ва ҷавонони шабонгоҳон халалдоркунандаи оромии сокинон чораҳои профилактикӣ андешида, барои пешгирӣ аз рафторҳои номатлуби онҳо падару модаронашон ҷалб карда шаванд.
Ин дар ҳолест, ки айни ҳол Вазорати умури дохилии Тоҷикистон амалиёти махсус алайҳи шӯру ғавғо, таҳти унвони «Садо» роҳандозӣ карда, аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ҳолати мушоҳида намудани истифодабарии ғайриқонунии таҷҳизоти махсуси садодиҳанда дар воситаҳои нақлиёт ва садо додани овози гушхарош дар назди даҳлезҳои биноҳо ва ҳавлиҳои истиқоматӣ бо телефонҳои боварии ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе: 221-00-46, 221-00-16, дар тамос шаванд.