Мурсӣ: “Ман раисиҷумҳури баргузидаи мардум ҳастам”
Муҳаммад Мурсӣ қарори Артиши Миср дар мавриди аз раёсати ҷумҳурӣ барканор кардани ӯро рад карда, гуфтааст: “Ман раисиҷумҳури баргузидаи мардум мебошам.”
Раисиҷумҳури Миср дар вокуниш ба қарори Артиши кишвараш дар саҳифаи Фейсбуки худ навиштааст, ӯ ҳеч гоҳ аз нишастан сари мизи гуфтугӯ бо мухолифин ҳарос надорад ва худдорӣ накарда буд ва ин тасмими фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш нишондиҳандаи як кудетои низомӣ мебошад.
Муҳаммад Мурсӣ аз шаҳрвандони кишвараш даъват кардааст, ки ба Қонуни асосии кишвар эҳтиром гузошта, аз ҳаргуна тазоҳуроти хушунатомез ва рехтани хуни фарзандони миллати худ даст кашанд. “Зеро ин амал боз Мисрро дубора ба ақиб мебарад”,-гуфтааст ӯ.
Вай афзудааст, шаҳрвандони Миср, ки мехоҳанд, кишварашонро ба як давлати демократӣ бирасонанд, ҳеч гоҳ ба ин гуна иқдомот даст нахоҳанд зад.
Инчунин Муҳаммад Мурсӣ аз нерӯҳои артиши Миср даъват кардааст, то пеши роҳи хунрезиро дар Миср бигиранд. Ба гуфтаи ӯ, бархе талош доранд, то самараи инқилобро барҳадар карда, ин кишварро ба ҳамон рӯзҳои сангин баргардонанд.
Артиши Миср Муҳаммад Мурсиро, ки баъд аз ҳукумати 32-солаи Ҳуснӣ Муборак ба курсии раёсати ҷумҳури ин кишвар нишаста буд, аз мақомаш барканор кард. Фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Миср шомгоҳи чаҳоршанбе, 3-юми июн, бо қироати баёнияе тасмими артишро ба иттилои мардум расонд. Дар ҳоли ҳозир раиси Додгоҳи олии Қонуни асосӣ ба сурати муваққат ва то баргузории интихоботи зудҳангом идораи умури кишварро бар уҳда дорад.