Кӯмакҳои низомии Амрико барои пешгирӣ аз нуфузи Эрон
Як андешкадаи амрикоӣ дар гузориши муфассал ба чолишҳои муқобила бо нуфузи ру ба густариши Эрон дар минтақа пардохт ва аз давлати Амрико хост тақвияти кумакҳои низомии кишварҳои Шурои ҳамкориро дар авлавияти худ қарор диҳад.
Ба гузориши хабаргузории "Форс", андешкадаи Вашингтон барои сиёсатҳои Ховари наздик, дар гузорише бо унвони *муқобила бо чолиши Эрон: тавонмандии низомии Шурои ҳамкории Халиҷи Форс ва ҳамкории амниятии Амрико* ба баррасии чолишҳои пешируи Амрико дар муқобила бо табдил шудани Эрон ба ин мавзуъ пардохтааст, ки дар шароити коҳиши будҷаҳои низомии Амрико ва нигарониҳо аз ормонҳои минтақайии Эрон, чигуна Амрико метавонад ба кишварҳои Шурои ҳамкории Халиҷи Форс барои тақвияти буняҳои дифоъӣ алайҳи Эрон кумак кунад?
Мойкл Нойт, аз нависандагони ин андешкада, ки дар умури амниятӣ ва низомии Ироқ, Эрон, Либия, Яман ва кишварҳои Халиҷи Форс мутахассис аст, дар ин мақола наҳваи ҳамкории Вашингтон бо артиши кишварҳои Шурои ҳамкории Халиҷи Форсро мавриди баррасӣ қарор додааст. Тибқи навиштаи ин коршиноси масоили низомӣ, барои муҳофизат аз кишварҳои Шурои ҳамкорӣ ва *контроли қудрати Эрон* ,Амрико боястӣ тамомии иқдомоти низомӣ ва дипломатии худро фаъол нигаҳ дорад.
Дар ин мақола омадааст: аз онҷо, ки нигаҳдории неруи азими низомӣ тавассути Амрико роҳи ҳалле дарозмуддат ва давомпазир нест, Амрико бояд руйи қобилиятҳои низомии кишварҳои Шурои ҳамкорӣ ҳисоб карда ва онҳоро тақвият кунад.
Дар мақолаи 60- саҳифайии ин андешкадаи амрикоӣ, қобилиятҳои кишварҳои Шурои ҳамкорӣ ва унвони муттаҳидони низомии Амрико барои пешгирӣ аз афзоиши нуфузи Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Дар ин мақола омадааст: кишварҳои Шурои ҳамкории Халиҷи Форс, мумкин муттаҳидони низомӣ идеолӣ барои Амрико набошанд, аммо онҳо мусаммам ҳастанд ва сармоягузориҳои вазнине дар бахши дифоъӣ анҷом медиҳанд.
Ин гузориш меафзояд: ин кишварҳо ҳамчунин то андозае ба хотири булиғи фазояндаи ниҳодҳои низомияшон ва то андозае ҳам ба хотири тағйироти текнологӣ, ки қудраташонро афзойш дода ва аз заъфҳоияшон коста, тавонмандиҳои рузафзун доранд.
Дар идомаи ин гузориш омадааст: муҳимтар аз ҳама инки, кишварҳои Халиҷи Форс муттаҳидони калидии Амрико ҳастанд, чун онҳо дар баҳси маҳори низомии Эрон фаъолона тарафи Амрико ҳастанд.
Мойкл Нойт ҳамчунин таъкид мекунад раҳбарони кишварҳои Халиҷи Форс дар хилоли даҳаи гузашта тамаркузашонро аз баҳси иҷтиноб аз таниш ба самти пешгирӣ аз зиёдахоҳии Эрон, ва дар сурати лузум, дифоъи фаъолона аз минтақа бо ҳамкории муттаҳидони байналмилалӣ, тағйир додаанд.
Амрико кишварҳои Шурои ҳамкорӣ, иқдомоти зиёд, натойиҷи андаки оқои Нойт дар ин мақола ба сармоягузории фаровоне, ки Амрико аз соли 2007 барои пешгирӣ аз тазъифи ҳамкорӣ байни ин кишвар бо кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс анҷом дода ишора мекунад ва менависад ҳадафи Вашингтон аз ин сармоягузориҳо ин буда, ки кишварҳои мазкур дар маърази таҳдидҳои Эрон қарор надошта бошанд.
Дар бораи далели ин сармоягузориҳо,ҳамчунин омадааст : далели ин сармоягузориҳои Амрико дар ин шароити низомӣ ва иқтисодӣ вобастагии мутақобилест, ки байни Амрико ва кишварҳои Шурои ҳамкорӣ вуҷуд дорад.
Андешкадаи Вашингтон ин вобастагии мутақобилро чунин тавзиҳ медиҳад: Бо онки миқдори захойири энергии воридшуда аз кишварҳои Халиҷи Форс ру ба коҳиш ҳастанд, Амрико камокон бузургтарин иқтисоди дунёст, ки аз субот ва рушди бозорҳои ҷаҳонӣ суд мебарад.
Ин гузориш меафзояд: Амрико ҳамчунин ба хариди нафти ворид шудааш аз бозорҳои таҳвили фаврӣ идома хоҳад дод ва ин яъне инки суботи қимати нафт дар тули 20 соли оянда барои амнияти иқтисодии Амрико ҳамон қадар ҳаётӣ хоҳад буд, ки ҳоло ҳаст.
Дар идомаи ин гузориш, дар тавҷеҳи ҳимоятҳои низомии феълии Амрко аз кишварҳои Шурои ҳамкорӣ омадааст: илова бар ин Амрико дар ҳоли ҳозир чораи дигаре ҷуз ҳимояти низомӣ аз кишварҳои Шурои ҳамкорӣ надорад.
Тибқи таҳлили оқои Нойт, дар миёни кишварҳои Халиҷи Форс, Ироқ дасти кам то авосити соли 2020 дар нақши кишваре зоҳир нахоҳад шуд, ки дар баробари Эрон қад алам кунад- ва ҳаргуна интизоре барои доштани чунин нақше аз Ироқ ҳатто дар он замон, мусталзими ин аст, ки нуфузи Эрон дигар давлати Ироқро таҳтушшуоъ қарор надиҳад.
Ин коршиноси масоили Ховари Миёна дар бораи Туркия навиштааст: дар ҳоле, ки Туркия мумкин аст барои пешгирии муваықат аз нуфузи Эрон дар Сурия ва Шом муттаҳиди муассире бошад, аммо руйи ин кишвар ҳам аз лиҳози инки пойдор бошад ва руйи мақосиди воқеъйии он, наметавон ҳисоб кард, зимни инки қудрати низомии Туркия ба хотири нақбзаниҳои сиёсии табақаи афсарон ба шиддат ру ба уфул аст.
Сурия ҳам ба заъми оқои Нойт кишваре нест, ки садде дар баробари нуфузи ру ба густариши Эрон ташкил диҳад: Сурия пас аз Башор Асад, ки ба дасти сунниҳо ҳидоят мешавад ва барги барандае нест, ки битавон руйи он ҳисоб кард, зеро Сурия пас аз буҳрон ҳам монанди Ироқ мумкин аст дар бахши зиёде аз ҳадаи равон, тамаркузаш ба масоили дохилии худаш мутаваҷчеҳ бошад.
Тибқи таҳлили оқои Нойт, наметавон интизор дошт, ки сойири қудратҳои ру ба рушде монанди Чин ва Ҳинд ҳам то соли 2020 нақши Амрикоро ба унвони милисаи минтақа ба уҳда бигиранд.