Коршинос: “Ҳизбҳо барои интихоботи 2015 омодагӣ бинанд”
“Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон бояд тамоми нерӯи худро барои омодагӣ ба интихоботи соли 2015 (интихоботи парлумонӣ) равона кунанд”. Ин нуктаро Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ, зимни баргузории Мушовараи аҳзоби сиёсӣ ва нерӯҳои демократӣ барои интихоботи президентии Тоҷикистон иброз дошт.
Ӯ гуфт, иштироки намояндагони аҳзоб дар интихоботи моҳи ноябр иштироки рамзӣ хоҳад буд. Чаро ки ба гуфтаи ӯ, натиҷаи ин интихобот аз қабл барои ҳамагон маълум аст.
Вай афзуд, “масъалаи ҳассос ҳам ин аст, ки натиҷаи интихоботро ҳама медонанд. Яъне, ин ширкат, новобаста аз шакл, ки гурӯҳист, ё эътилофӣ рамзӣ мешавад. Аз ҳамин хотир, ба назари ман беҳтар аст, ки аҳзоби сиёсӣ, албатта, дар интихоботи моҳи ноябр ширкат дошта бошанд, аммо тамоми нерӯи худро сарф накунанд. Ҳоло онҳо бояд барномаҳои мушаххастаре рӯи даст бигиранд, то курсиҳои бештари парлумонро ба даст оранд.”
Парвиз Муллоҷонов дар идома гуфт, пайдо кардани номзад барои мақоми раёсатиҷ умҳури Тоҷикистон, ки ҳам аз ҷониби гурӯҳи дунявӣ ва ҳам аз тарафи исломиҳо қобили қабул бошад, мушкил будааст. Қарор аст, Интихоботи президентии Тоҷикистон моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор гардад.