“Беҳтарин”-ҳои футболи тоҷик дар моҳи июн
Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Дэвид Мауто, нимҳимоятгари дастаи “Равшан”-и Кӯлобро беҳтарин бозигар, Тоҳир Муъминов, сармураббии дастаи “Энергетик”-и Душанберо беҳтарин мураббӣ ва Диловаршоҳ Орзуевро беҳтарин довари моҳи июн эълон кард.
Тавре сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон навиштааст, рӯзи 4-уми июл дар бинои ФФТ ба беҳтаринҳои моҳи июн ҷоизапулӣ ба маблағи 500 сомонигӣ супурда хоҳад шуд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон моҳи май Никола Кавазович, сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки ба қарибӣ аз вазифааш сабукдӯш шуда буд беҳтарин мураббӣ арзёбӣ гардид. Виллер Соуза Оливейра, легионери бразилиягӣ нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол”, беҳтарин бозигар ва Равшан Ишматов беҳтарин довар эълон шуда буданд.