Фароғати туркманбачаҳои Тоҷикистон муҳайёст. Аз тоҷикон чӣ?
Сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон 12 мактаббачаи туркмантабори ноҳияи Ҷиликӯлро бо масрафи беш аз 20 ҳазор сомонӣ барои фароғат ба истироҳатгоҳҳои кишвараш фиристодааст.
Дар ин бора масъулини маориф дар Хатлон хабар дода, афзуданд, ки сафорати Туркманистон, ҳамчунин, тасмим гирифтааст, дар ноҳияи Ҷиликӯл барои фарзандони туркман як мактаби боҳашамат низ бунёд намуда, адабиёти лозимиро бо ин забон барояшон муҳайё бисозад.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манбаъ барои худи тоҷикбачаҳо дар вилоят шароити фароғат дар таътил муҳайё нест. Манбаъ мегӯяд, фақат наздики 6 ҳазор кӯдакону наврасони вилояти Хатлон имкон доранд, дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ дам бигиранд. Боқӣ бояд дар ҳамон муассисаҳои томактабию наздимактабӣ, интернатҳо ва истироҳатгоҳҳои меҳнатӣ, варзишӣ ва таълимӣ таътили тобистонаашонро ба ҳар навъ сипарӣ намоянд.
Ҳамсуҳбати мо сабаби аслии ба истироҳатгоҳҳои беруназмактабӣ кам фаро гирифта шудани кӯдакону наврасони вилояти Хатлон дар он гуфт, ки аз ҳафт муассисаи чунин навъи замони шӯравӣ ҳоло сетояш имкони қабул доранду бас: “Чор истироҳатгоҳи дигараш, ки дар дараи Ромит, Варзоб ва Себистони ноҳияи Данғара ҷойгир буданд, чандин сол боз ғайриқонунӣ баҳри матраҳи ҳадафҳои шахсӣ дар ихтиёри баъзе давлатмардону соҳибкорон вогузор карда шудааст.”
Ба иттилои ин масъул, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар вилояти Хатлон барои бачаҳо ягон истироҳатгоҳ бунёд нагардидааст. Аз 25 шаҳру ноҳияи вилоят бошад, ҳамагӣ 19-тояш барои таъмини шароити истироҳати кӯдакону наврасон маблағгузорӣ намудаанду халос.