Вокуниш ба баромади Ҷенифер Лопес дар зодрӯзи Бердимуҳаммедов
Намояндагони Ҷенифер Лопес, овозхони шинохтаи амрикоӣ мегӯянд, агар ӯ аз иттиҳомоти ҳомиёни ҳуқуқи башар алайҳи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, президенти Туркманистон, огоҳ мебуд, ҳаргиз дар рӯзи мавлудаш овозхонӣ намекард.
Охири ҳафтаи гузашта Лопес дар 56-умин солгарди рӯзи мавлуди Бердимуҳаммедов баромад карда, суруди 'Happy birthday, Mr. President'-ро хондааст. Дар пайи ин баромад, ки рӯзи шанбеи 29-уми июн сурат гирифтааст, Бунёди мубориза барои ҳуқуқи башар аз Лопес барои овозхонӣ дар ҷашни диктаторҳо интиқод намудааст.