Мақомот нагузоштанд, Кабирӣ масҷиди навро ифтитоҳ кунад
Мақомоти ноҳияи Файзобод нагузоштаанд, бинои нави масҷиде дар деҳаи Қасамдараи ин ноҳия ифтитоҳ шавад. Ин масҷид бо пуштибонии Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, бунёд шуда, қарор буд, 30-юми июн ба истифода дода шавад.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сухангӯи ҲНИТ, бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфт, маросими ифтитоҳи ин масҷид бо фотеҳаи соли модари Кабирӣ рост омада буд. “Аммо мақомот гуфтанд, ин ҳама мухолифи қонун мебошад”,-афзуд ӯ.
Оқои Сайфуллозода илова кард, “манзури онҳо аз қонуншиканӣ қонуни танзим буд. Вале чӣ чиз бо он қонун зиддият дошт, маълум нашуд. Зеро баргузории фотеҳаи сол ва миқдори он дар қонун ба таври шаффоф омадааст ва он риоя шуда буд. Агар доир намудани фотеҳаи сол дар назди масчид хилофи қонун буд, пас, чаро нагузоштанд, маросими ифтитоҳияи масҷид баргузор шавад.”
Сухангӯи ҲНИТ афзуд, сабаби аслии ин монеагузории мақомот чандон ба масҷиду қонун рабт надошта, балки ба шахсияти худи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, марбут мебошад.