ССКА «Помир» ва «Хайр»: ду қадам то Ҷоми ФФТ
Охирин бозии сабқати минтақаи Душанбе барои дарёфти Ҷоми ФФТ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки шоми дирӯз, 28-уми июн дар варзишгоҳи «Хайр»-и Ваҳдат баргузор шуд, ду тими даври ниманиҳоиро маълум кард.
Дар ин бозӣ «Хайр»-и Ваҳдат бо ССКА «Помир»-и Душанбе ҳисобро мусовӣ: 1:1 карданд. Дар дақиқаи 73-юм Мирзобек Мирзоев, ҳамлагари «Хайр» ба дарвозаи ҳариф гол зад. Дар вақти иловагӣ Субҳон Хоҷамов, бозигари ССКА «Помир» ҳисобро баробар сохт.
Баъди ин дидор ССКА «Помир» бо 7 имтиёз дар ҷойи аввал нишаст. «Хайр», ки 5 хол ба даст овард, дуюм шуд. Ҳар ду даста ба даври ниманиҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳхат гирифтанд.
«Истиқлол»-и Душанбе бо 4 имтиёз ва «Кӯктош+С»-и ноҳияи Рӯдакӣ бидуни хол аз ҳаққи идомаи мубориза барои Ҷоми ФФТ маҳрум гаштанд.
Тибқи муқарароти мусобиқа ССКА «Помир» ва «Хайр» дар даври ниманиҳоӣ бо ду дастаи беҳтарини минтақаи Суғд рақобат мекунанд. Бозиҳои нимфиналӣ 5-ум ва 8-уми июл дар назар аст.