Ҳисобу китоби маоши пасттарин ва баландтарин дар Тоҷикистон
Оҷонси омори Тоҷикистон ҳадди маоши пасттарин ва баландтарин дар кишварро ҳисоб кардааст.
Бар пояи ҳисобу китоби ин ниҳоди расмӣ, соли ҷорӣ дастмузди кормандони бахши кишоварзӣ, шикор, ҷангалпарварӣ ва моҳипарварӣ камтарин маош дар Тоҷикистон будааст. Онҳо моҳе барои анҷоми корашон аз 215 то 322 сомонӣ дарёфт мекардаанд.
Оҷонси омор мегӯяд, баландтарин маошро кормандони бахшҳои молияву қарздиҳӣ мегиранд, ки наздики 2 ҳазор сомонист. Музди меҳнати кормандони бахши алоқа ҳам аз баландтарин маош дар Тоҷикистон дониста мешавад, ки дар моҳе 1 ҳазору 733 сомониро ташкил медиҳад. Онҳое, ки дар конҳо кор мекунанд, моҳе бештар аз якуним ҳазор сомонӣ дарёфт мекардаанд.
Аммо Оҷонси омори Тоҷикистон маоши вазирон ва раҳбарони идораҳои давлатии Тоҷикистонро ҳисоб накарда ва ҳамчунин нагуфтааст, ки оё маоши раисҷумҳур чӣ қадар аст. Ин дар ҳолест, ки бархе аз вазирон дар суҳбатҳои ҷудогона ва ё нишастҳои хабарӣ гуфтаанд, ки каме бештар аз панҷсад доллари амрикоӣ маош доранд.