Ҳушдори Бонки Миллӣ аз вуруди сомониҳои қалбакӣ ба Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон бо ирсоли як нома муассисаҳои молиявии кишварро хабардор кардааст, ки аз хориҷа ба Тоҷикистон маблағи калони қалбакӣ ворид шудааст.
Ин ниҳод ба роҳбарони ташкилоти қарзӣ, соҳибони нуқтаҳои мубодилаи асъор ва шуъбаи бонкҳо дар навоҳии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки тибқи иттилои расида аз хориҷа ба кишвар пулҳои қалбакии миллӣ ё сомонӣ ворид гардидаанд.
Бонки Миллӣ аз муассисаҳои молиявӣ хостааст, дар табодулу гирифтани пули миллӣ эҳтиёткор бошанд ва барои ифшои пулҳои қалбакӣ чораҳои иловагии назоратию техникӣ биандешанд. Бонки Миллӣ аз иштирокдорони бозори нақд даъват кардааст, дар сурати ошкор намудани пулҳои қалбакӣ фавран мақомоти қудратӣ ва Бонки Миллиро огоҳ созанд.
Тибқи ин нома, ки бо имзои А.Неъматов, муовини раиси Бонки Миллӣ, ирсол шудааст, масъулини муассисаҳои молиявӣ вазифадор шудаанд, сари ҳар моҳ аз чорабиниҳояшон барои ифшои пулҳои қалбакӣ ба Бонки Миллӣ гузориш диҳанд.