Мақомот: Одамрабоӣ дар Тоҷикистон се баробар зиёд шудааст
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҷинояти одамрабоӣ дар панҷ моҳи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта се баробар афзоиш ёфтааст.
Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд тайи моҳҳои январ - майи соли равон 6 ҷинояти одамрабоӣ сабт шудааст. Дар ҳоле, ки ҳамин давраи соли гузашта ҷиноёти одамрабоӣ ҳамагӣ ду ададро ташкил медодаанд.
Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи июн Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Абдусалом Раҷабов, истиқоматкунандаи деҳаи Тоштеппаи ноҳияи Шаҳринав, муттаҳам ба дуздӣ, хабар дода, афзуд, ки дар пайи ин боздошт чор кӯдак озод ва ба волидонашон баргардонда шуданд. Аммо тақдири Малика ва Сабина, ки моҳи марти соли равон аз кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе ғайб задаанд, то ҳол номаълум боқӣ мондааст.