Гул Шералӣ рушди энергияи атомиро баррасӣ мекунад
Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, дар конфронси байналмилалии «Энергияи атомӣ дар асри 21», ки аз 27 то 29 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербург доир мегардад, рушди ин соҳаро баррасӣ мекунад.
Тибқи иттилоли дафтари матбуоти вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дар ҳошияи ин конфронс, Гул Шералӣ бо Директори генералии Корпоратсияи давлатии энергияи атомӣ «Росатом» С. Кириенко мулоқот карда, ҳамоҳангии фаъолияти кишварҳо дар самти энергияи ҳастаиро муҳокима намудаанд.
Вазорати энергетика мегӯяд, конфронси мазкур бо ибтикори Созмони байналмилалии МАГАТЭ бо пазироии Ҳукумати Федератсияи Русия баргузор мегардад. Дар он масъалаҳои саҳми нерӯи ҳастаӣ дар рушди устувор, ҳамкории байналмилалӣ, дастовардҳо дар бахши инфрасохтор ва технология мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.