Лағви виза барои сокинони манотиқи наздимарзии Туркманистону Узбакистон
Низоми раводид барои сокинони манотиқи марзии Узбакистону Туркманистон бардошта шудааст.
Ба иттилои расонаҳои туркманӣ, яке аз афсарони марзбонии Туркманистон гуфтааст, Ашқободу Тошканд низоми раводидро барои мардуми навоҳии марзии ин ду кишвар лағв кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, минбаъд сокинони манотиқи мазкур метавонанд, ба муҳлати се шабонарӯз дар як моҳ ба кишвари ҳамсоя ворид шаванд.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои дафтари матбуотии вазорати умури хориҷии Туркманистон, чанде қабл як ҳайати узбакӣ таҳти раҳбарияти Дилшод Парпиев, муовини консули Узбакистон вориди Ашқобод шуда, бо ҳамтои туркмани худ масоили консулии ду кишварро баррасӣ кардаанд.