Зарифӣ гуфт, тоҷикон ҳеч гоҳ худро аз Эрон ҷудо намедонанд
Китоби “Хазинаи тилоии тоҷикон”-и Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ба ҳуруфи форсӣ баргардон шуда, ба мардуми Эрон рӯнамоӣ гардид.
Тавре расонаҳои эронӣ иттилоъ медиҳанд, ин асари оқои Зарифӣ аз тарафи сафири Эрон дар Тоҷикистон ба хатти форсӣ баргардон шуда, зимни маросиме, ки дар он худи вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва ҳамтои эронияш Алиакбар Солеҳӣ ҳузур доштанд, рӯнамоӣ шудааст.
Дар ин маросим Алиакбари Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон аз таърих ва тамаддуни муштараки пешинаи мардуми Эрон ва Тоҷикистон ёдоварӣ карда, гуфтааст: “Он чи ки ба унвони тамаддуни эронӣ дар ҷаҳон шинохта шуда аст, маҷмӯаи тамаддун, фарҳанг, адабиёт, ҳунар ва русуми муштараки ҳамаи ақвоми эронитабор аз ҷумлаи мардумони сокин дар марзҳои Эрони имрӯзӣ, кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва бахши васее аз миллатҳои Осиёи Марказӣ, Ҳинд ва ҳатто баъзе нуқоти Чин аст.»
Солеҳӣ мегӯяд, сарзамини Тоҷикистони кунунӣ аз куҳантарин сукунгоҳи ақвоми эронитабор будааст: “Дар авоили садаи бисти мелодӣ, ки тамоюл ва рағбати ҷаҳонӣ ба сӯи тамаддуни эронӣ ҷалб шуд, Тоҷикистон дар инҳисори Шӯравӣ даромад, аммо онҳо ҳуввияти худро ҳамчунон ҳифз кардаанд.”
Дар ҳамин ҳол, Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон низ дар ин маросим гуфтааст: “Мо ҳеч гоҳ худро аз мардуми Эрон ҷудо намедонем, ҳатто замоне ки дар инҳисори Шӯравӣ будем чашми мо ба Эрон ва Афғонистон буд, зеро решаҳои тамаддуни мо дар ин кишварҳо аст.”
Китоби “Хазинаи тиллоии тоҷикон” то имрӯз ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, чинӣ, арабӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ ба табъ расида буд.