Зарифӣ дар Теҳрон масъалаи ба кор даровардани агрегати дуюми “Сангтуда-2”-ро баррасӣ кард
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар чорчӯби сафари кори худ ба Теҳрон бо Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мулоқот кард.
Ба хабаргузории «Озодагон» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки “зимни ин вохӯрӣ ҷонибҳо ба муносибатҳои дутарафа, ки дар ҳоли рушд мебошанд баҳои мусбӣ дода, қайд намуданд, равобити ду кишвар дар асоси муносибатҳои анъанавӣ, ҳамкориҳои зич ва ҳамдигарфаҳмӣ сохта шудаанд”.
Манбаъ афзуд, “ҷонибҳо ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои энергетика ва роҳсозӣ, аз ҷумла ба кор даровардани агрегати дуввуми НБО “Сангтуда-2”, ҳамчунин иштироки ширкати эронии “Метро” дар баҳодиҳии амалисозии роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Хитой таъкид намуданд. Қайд гардид, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистоон 200 ширкати эронӣ фаъолият мекунанд”.
«Сангтӯда-2» калонтарин тарҳи Эрон дар Тоҷикистон аст, ки бо 180 миллион доллар саҳми Эрон ва 40 миллион доллари Тоҷикистон сохта шуда, баъди ифтиттоҳи пуррааш тавлиди барқ дар Тоҷикистон соле то 1 миллиард килловат бештар мешавад.
Чархаи аввали он 5-уми сентябри соли 2011 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадиножод ба истифода дода шуд. Қарор буд, маросими баҳрабардорӣ аз чархаи дуюми ин неругоҳ 25-уми марти соли равон бо ширкати Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмон сурат бигирад, аммо баъдан эълон шуд, Аҳмадинажод миёнаҳои моҳи апрел ба Душанбе меояд. Моҳи апрел низ дидори райисҷумҳури Эрон аз Тоҷикистон ба таъхир афтод.