Тими миллии Тоҷикистон бо яккачини Ҳинд футбол мекунад
Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Ҳиндустон барои анҷоми як дидори дӯстонаи тимҳои миллии ду кишвар ба мувофиқа расидаанд.
Торнамои ФФТ менависад, ки ин бозӣ қарор аст, соати 17:00-и 14-уми август дар варзишгоҳи “20 солагии истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шавад. “Тими миллии футболи Тоҷикистонро ба ин дидор Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ омода хоҳад кард”,-хабар додааст манбаъ.
Аз ин пеш, тимҳои миллии Тоҷикистону Ҳинд се маротиба бо ҳам бозӣ кардаанд. Нахустин дидор, 13-уми августи соли 2008 дар Ҳайдарободи Ҳиндустон дар чорчуби қисми ниҳойии Ҷоми даъвати АФК сурат гирифт ва мусовӣ: 1:1 анҷом ёфт. Баъди дувоздаҳ рӯз ду даста дар бозии финалии сабқати мазкур вориди рақобат шуданд. Ин навбат ҳиндуҳо бар ивази чор гол, танҳо як туб сар доданд.
Маротибаи сеюм тимҳои миллӣ 9-уми марти соли сипаришуда, ҳамчунин дар даври гуруҳии Ҷоми даъвати АФК-2012 дар шаҳри Катмандуи Непал бозӣ карданд. Бозӣ 2:0 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт.
Дар рейтинги ФИФА тими миллии Тоҷикистон дар зинаи 112 ва мунтахаби Ҳиндустон дар ҷои 147-ум қарор доранд.
Акс аз торнамои ФФТ