Иброҳим Усмонов: ҷонибҳои сулҳ ба ҳамдигар эътимод надоштанд
Профессор Иброҳим Усмонов, яке аз иштирокдорони фаъоли музокироти сулҳи тоҷикон тарси ҳукумат ва мухолифинро дар замони гуфтушуниди ҷонибҳо номбар кард.
Ӯ дар як нишаст, ки ба мунсибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Душанбе баргузор гардид, гуфт, «ҷонибҳо бо ҳамдигар эътимод надоштем, ҳарду тараф метарсид, ҳукумат метарсид, ки мабодо мухолифин моро фиреб надиҳанд ва мухолифин метарсиданд, ки мабодо ҳукуматиҳо фиребашон надиҳанд».
Иброҳим Усмонов дар посух ба саволи яке аз иштирокчиёни нишаст -- чӣ хатарҳое ҷонибҳои сулҳро таҳдид мекард, ҷавоб гуфт, ки хатар набуд: «Зеро пеш аз он ки гуфтугӯ сар шавад, як қарори Созмони миллали муттаҳид баромад, ки дар он гуфта шуда буд, аъзои ҳайати оппозитсия ва аъзои ҳайати ҳукумат статуси дастнорасӣ доранд. Яъне, инҳоро милисаи ҳеҷ кишваре ҳаққи ҳабс кардан надорад, инҳоро ҳеҷ кас ҳаққи ба ҷавобгарӣ кашидан надорад».
Профессори тоҷик илова кард, ки СММ бо ин ҳуҷҷат амнияти онҳоро таъмин кард, “зеро агар ин ҳуҷҷат намешуд мо ҳукуматиҳо ба Эрон рафта наметавонистем ва мухоифин ба ИДМ омада наметавонистанд”.
Ба қавли Иброҳим Усмонов аксар вақт намояндаҳои СММ зимни гуфтушуниди ҷонибҳо ҳамчун пажарникҳо (оташнишонҳо) амал мекарданд: “Агар мо аланга мегирифтем ба мо об мерехтанд, агар мухолифин аланга мегириф ба онҳо об мерехтанд”.