Тоҷикистон ба Обама як туҳфаи 2 ҳазору 850 долларӣ додааст
Амрико бо нашри як гузориш нарх ва теъдоди туҳфаҳое, ки Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, аз кишварҳои ҷаҳон дар давоми солҳои 2010-2011 гирифтааст, пешкаши омма намудааст.
Дар ин гузориш, ки ба ҳамаи хизматчиёни федералии Амрико дахл дорад, аз рӯи теъдод ва нархи туҳфаҳои тақдимкарда ба Обама Қазоқистон миёни кишварҳои Осиёи Миёна ҷои якумро мегирад, ки ба раисиҷумҳури Амрико 7 туҳфа бо нархи умумии 9 ҳазору 600 доллар додааст.
Қирғизистон ба Обама 6 туҳфа бо нархи умумии 4 ҳазору 700 доллар тақдим намудааст. Узбакистон бо чор туҳфаи арзишашон 3 ҳазору 300 доллар дар зинаи сеюм меистад. Тоҷикистон ба Барак Обама ҳамагӣ як туҳфа тақдим намудааст, ки арзиши он 2 ҳазору 850 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ин гузориш бо назардошти он нашр мешавад, ки тибқи қонунгузории Амрико мансабдорони ин кишвар ҳақ доранд танҳо туҳфаҳоеро барои худ монанд, ки арзишашон аз 350 доллари амрикоӣ болотар набошад.