Аҳмадинажод муносиботи Тоҷикистону Эронро “дӯстии истисноӣ” гуфт
Маҳмуди Аҳмадинажод, райиси ҷумҳури исломии Эрон бо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот кардааст.
Аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни ин мулоқот Аҳмадинажод муносибатҳо миёни ин ду кишварро ҳамчун “дӯстии истисноӣ” ном бурда, афзудааст, ки ба Тоҷикистон шаш маротиба сафар намуда буд ва ба мушоҳидаи ӯ чанд соли охир Тоҷикистон хеле рушд кардааст.
Манбаъ мегуяд, Ҳамрохон Зарифӣ ба президенти Эрон дар бораи рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар Тоҷикистон маълумоти мухтасар додааст.