Таркиш дар Алмаато мунҷар ба ҳалокати кӯдакон шуд (АКС)
Субҳи имрӯз, тақрибан соатҳои 11:00 дар назди меҳмонхонаи «Rixos»-и шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар пайи бархурди автомошинаи ҳомили сузишворӣ ва як сабукрав таркиш ба амал омад.
Бино ба иттилои расида, дар натиҷаи ин ҳодиса 20 мошини дигар оташ гирифта, ду бинои истиқоматии бисёрошёна ба оташ печидаанд. 20 манзили истиқоматӣ пурра сӯхтааст.
Гуфта мешавад, тамоми шӯъбаҳои хадамоти сухторнишонии Алмаато барои хомуш кардани оташ сафарбар шудаанд: Тибқи хабарҳои охирин бар асари ин ҳодиса ронандаи боркаш ва ду кӯдак, ки дохили биноҳои маскунӣ будаанд, ба ҳалокат расидаанд. Боркаши ҳомили сухтро ба ширкати "Гелиос" (Helios) мутаалиқ медонанд, ки тахминан 40 ҳазор литр сузишвориро интиқол медодааст.