АКС: Президент маросими ақди никоҳи 64 ҷуфтро акс бардошт
Имрӯз, 27-уми июн дар маҷмааи “Душанбе Плаза”- и пойтахт маросими ақди никоҳи 64 ҷуфт аз чор ноҳияи Душанбе баргузор шуд.
Ин маросим бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси шаҳри Душанбе сурат пазируфт. Эмомалӣ Раҳмон зимни сухани табрикӣ таъкид намуд, ки "иқдомоте, ки ҳамакнун барои хонадоршавии ин ҷавонон дар рӯзи Ваҳдати миллӣ амалӣ шуд, ба шарофати сулҳу ваҳдат аст ва ҳукумат тамоми чораҳоро рӯи даст хоҳад гирифт, то ин сулҳ пойдор бошад".
Ин маросим бо итикори шаҳрдории Душанбе ба муносибати 16-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир гардид.
Гуфта шуд, ба ҳар яке аз ҷуфти хонадоршуда, ҷиҳози арусӣ ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим шуд. Ҳамчунин дар назар аст, базми тӯйҳои арӯсию домодии онҳо соати 11:00 дар тарабхонаҳои «Канд», «Роҳат», «Яккачинор» ва қаҳвахонаи «Москва» доир шавад ва туҳфаҳои шаҳрдорӣ тақдимашон гардад.
Хабарнигори “Озодагон” дар расми ақди никоҳи ин ҷавонҳо ширкат дошт ва чанд аксе ҳам бардошт, ки пешниҳоди хонанда мешавад.