Гӯшзади Эмомалӣ Раҳмон ба расонаҳо ва аҳзоби сиёсӣ
Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як паёми телевизионӣ мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати Иди Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27-уми июн ҷашн гирифта мешавад, табрик кард.
Президенти кишвар зимни табрикот, иброз дошт, бо шукргузорӣ аз суботу оромие, ки имрӯз дар Ватани аҷдодиамон ҳукмфармост, ба хонадони ҳар яки шумо оромиву осудагӣ, саломативу сарбаландӣ ва саодати рӯзгор орзу менамоям: “Дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, яъне дар он айёми фоҷиаборе, ки дар натиҷаи фитнаву дасисаи нерӯҳои бадхоҳи хориҷӣ авзои сиёсиву иҷтимоии мамлакат рӯз ба рӯз печидаву ноором мегардид, нишастан ба сари мизи мулоқот ягона роҳи аз нобудӣ раҳоӣ бахшидани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва наҷоти миллату мардуми Тоҷикистон аз парокандагӣ буд”.
Эмомалӣ Раҳмон илова намуд, ки ҳаводиси фоҷиабору харобиовари охири асри гузашта моро ҳамеша ҳушдор медиҳанд, ки барои эмин нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқамон ҳамеша ҳушёру омода бошем: “Мо – тоҷикон таърихан миллати фарҳангӣ ва халқи сулҳпарвару сулҳовар ҳастем. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор гирифта, чун падидаи нодири фарҳанги сулҳофарӣ пазируфта шудааст”.
Президенти Тоҷикистон гуфт, ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш созем, ки кори худро аз рӯзҳои аввали давлатдориамон аз сулҳ оғоз намудем ва ин сиёсатро ба хотири оромиву осоиши кишварамон ва хушбахтиву сарбаландии халқи азизамон минбаъд низ идома медиҳем.
Номбурда таъкид кард, ки дар ин росто аҳзоби сиёсии кишвар, созмонҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори оммаро зарур аст, ки ҳангоми арзёбӣ ва инъикоси масъалаҳои сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ба хотири ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи амният ва суботи сиёсиву оромии ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллии тоҷикон хеле эҳтиёткору бомулоҳиза бошанд: “Дар марҳалаи навини имрӯза мо бояд беш аз ҳарвақта бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон фаъолият намоем ва заҳмат кашем. Дар ин амали нек рӯҳи поки гузаштагон, дуои хайри модарон ва панди падарону пирони рӯзгордида ҳамеша роҳнамои мо хоҳад буд”.
Созишномаи сулҳ миёни ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯи оппозитсиюни тоҷик ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ 27-уми июни соли 1997 дар Маскав имзо шудааст. Аз ин рӯ ҳамасола ин санаро дар Тоҷикистон ба унвони Рӯзи ваҳдат таҷлил мекунанд. Аз санаи баимзорасии ин созишнома имсол 16 сол пур шуд.