Боғи пойтахтро имрӯз ба ихтиёри кӯдакон мегузоранд
Ба муносибати 16-умин солгарди Рӯзи ваҳдат, имрӯз, 27-уми июн дар муҷтамаи «Душанбе-Плаза»-и пойтахт расми ақди никоҳи 64 ҷуфт аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Дар назар аст, базми тӯйҳои арӯсию домодии онҳо соати 11:00 дар тарабхонаҳои «Канд», «Роҳат», «Яккачинор» ва қаҳвахонаи «Москва» доир шавад ва туҳфаҳои шаҳрдорӣ тақдимашон гардад.
Ҳамчунин соати 19:00 ба муносибати ин санаи таърихӣ, намоиши театришудаи шаҳрдорӣ дар «Наврӯзгоҳи пойтахт» оғоз мешавад.
Ба ҷуз ин, маросими хатнасури 221 кӯдак аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе дар назар аст. “Ба ифтихори онҳо фаъолияти Боғи пойтахт барои дигар категорияҳои шаҳрвандон қатъ шуда, аз соати 19:00 то 20:00 барои онҳо истифодабарии ройгони аттраксионҳо, аз 20:00 то 21:00 дастурхони тӯёна ороста, соати 21:00 намоиши филми кӯдакона дар экрани обии фаввораҳои боғ нишон дода мешавад”,-гуфтанд аз шаҳрдорӣ.
Ба иттилои манбаъ, ба 221 кӯдак туҳфаҳо тақдим мегардад ва бо кушодани суратҳисоби бонкӣ дар суратҳисоби ҳар кадоми онҳо 1000 сомонӣ аз ҳисоби шаҳрдорӣ интиқол дода мешавад, ки танҳо дар синни 18-солагӣ онҳоро истифода карда метавонанд.