(АКС) Сокини Хоруғ дар овозхонӣ бо забони англисӣ ғолиб шуд
Дар даври ниҳоии «Мусобиқаи овозхонии гӯшаҳои амрикоӣ» аз миёни 10 иштирокчӣ аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, Нилуфар Рашидбековаи 23-сола, як сокини Хоруғ ғолиб баромад.
Дар ин озмун, ки ду моҳ дар навоҳии Хуҷанд, Ғарм, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ ва Душанбе, Панҷакент, Исфара, Қумсангиру Файзобод давом дошт, ҳудуди 100 нафар иштирокчӣ дар овозхонӣ бо забони англисӣ сабқат намуда, 10 нафарашон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Даври ниҳоии озмун 26-уми июн дар гӯшаи амрикоӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид ва се ҷои аввал насиби намояндаи Хоруғ, Исфара ва Душанбе шуд.
Ҷоизаи сеюм, ки «IPod nano» (Айпод Нано) буд, ба Ниссои Лутфулло аз шаҳри Душанбе, ҷоизаи дуюм «IPhon» (Айфон) ба Ҳасан Кузиев аз шаҳри Исфара ва ҷоизаи якум «IPad» (Айпад) ба Нилуфар Рашидбекова аз шаҳри Хоруғ дода шуд.
Инчунин сафорати Амрико ба иштирокчиён туҳфаҳо ва сертификатҳо тақдим намуд.