Ташкили гуруҳи махсус барои назорати ҳаракати мошинҳои гаронвазн
Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, имрӯз, 26-уми июн дар ҷаласаи вазорат, беназоратии ҳаракати мошинҳои гаронвазнро муъҷиби вайронии роҳҳои кишвар хондааст.
Тавре аз вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд, вазир ба мақомоти дахлдори кишвар дастур додааст, ки назорати ҳаракати мошинҳои гаронвазнро зери назорат гиранду истифодаи тарозуҳои мошинбаркашро ба роҳ монанд. Вазир супориш додааст, ки аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор ба таври доимӣ Комиссияи муштараки корӣ ташкил гардад ва ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои қатъӣ дида, аз натиҷаи он ба таври фаврӣ маълумот пешниҳод намоянд.
Баробари ин вазири нақлиёт масъулини соҳаро муваззаф намудааст, ки барои зудтар расонидани техникаи иловагӣ ба иншооти роҳсозии Айнӣ-Панҷакент диққати ҷиддӣ диҳанд. Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни шиносоӣ бо рафти навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент, ки ҳадафи асосии сафараш ба вилояти Суғд арзёбӣ мешавад, аз рафти корҳо норозӣ мондааст. Эмомалӣ Раҳмон аз суръати навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент изҳори норозигӣ карда, супориш дод, ки барои ислоҳи ин ҳолат кор якбора дар зиёда аз 10 қитъаи роҳ ташкил карда шавад. Таъкид гардидааст, ки то охири соли равон бояд 40% корҳо анҷом дода шавад.