Афзалов аз 61 ҳолати сӯиистифода аз мошинҳои хидматӣ хабар дод
Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон зимни баромадаш дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони мардумии вилоят изҳор доштааст, ки дар панҷ моҳи аввали соли равон 61 ҳолати ғайримақсаднок истифодаи шудани нақлиёти хидматӣ ошкор гардидаанд.
Афзалов қайд кардааст, ки кормандони назорати давлатии автомобилӣ тайи 5 моҳи соли ҷорӣ 92 ҳазор ҳодисаи қонуншикании маъмурии ронандагонро дар вилоят ба қайд гирифтаанд.
Раиси вилояти Хатлон кори масъулини БДА-ро мусбат арзёбӣ намуда, иброз доштааст, ки дар ин панҷ моҳ 755 ҳодисаи дар ҳолати мастӣ ва 369 ҳолати бидуни рақамҳои дахлдори давлатӣ рондани мошинҳо ошкор шудаанд.