Шарти қабул ба донишгоҳ... То охири таҳсил шавҳар намекунӣ!
Дар Узбакистон духтаронро ба донишгоҳ дар ҳоле қабул мекунанд, ки то поёни таҳсил аз шавҳар кардан худдорӣ кунанд.
Ба иттилои расонаҳои узбакӣ, раҳбарони коллеҷу донишкадаҳои Узбакистон гуфтаанд, ҳар як довталаб пеш аз донишҷӯ шудан бояд ба таври хаттӣ ваъда диҳад, ки то анҷоми таҳсил ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷ аз кишвар ё ба шавҳар намебарояд.
Раҳбари яке аз колеҷҳои шаҳри Бухорои ин кишвар гуфтааст, довталабонро бидуни кафолатномаи раиси маҳаллаашон қабул нахоҳад кард. Манбаъ мегӯяд, дар сурати аҳдшикании донишҷӯён, падару модар ё шахсе, ки кафолати онҳоро бар дӯш дорад, муҷозот карда мешавад.
Гуфта мешавад, манъи рафтани ҷавонони узбак ба хориҷ аз кишвар дар ҳолест, ки чанде қабл Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, аз муҳоҷирони кори кишвараш шадидан интиқод карда, гуфт, онҳо шаъну шарафи миллати узбакро паст мезананд.