Оби Сарезро чи гуна ба Халиҷи Форс мебаранд?
Ширкати “MAI Resources International”-и Швейтсария мехоҳад, оби кӯли Сарези Тоҷикистонро ба кишварҳои Халиҷи Форс интиқол диҳад.
Бахши қувайтии ширкати “MAI Resources International”-и Швейтсария алоқамандии худро ба содироти оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои Халиҷи Форс эълон кардааст.
Тавре дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ин мавзӯъ дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба Қувайт миёни ҷонибҳо баррасӣ шудааст. Манбаъ афзуда, ки мавзӯи меҳварии мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои мушовирони ин ширкати швейтсарӣ таъмини Кувайт бо оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон будааст.
Намояндаи ширкати “MAI Resources International”-и Швейтсария гуфтааст, ӯ ба содироти оби кӯли Сарези Тоҷикистон ба кишварҳои Халиҷ бисёр алоқаманд мебошад ва таъкид кардааст, ки дар мавриди оғози фаъолият дар ин самт омода мебошад.