Боздошти дубораи Муҳаммадюсуф Исмоилов дар Ашт
Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори собиқи нашрияи “Нури зиндагӣ”, дубора аз сӯи маъмурони пулиси ноҳияи Ашт боздошт шудааст.
Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), ба "Озодагон" гуфт, масъулони шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ашт дар суҳбат бо онҳо хабари боздошти дубораи Исмоиловро тасдиқ кардаанд.
“Вале онҳо нагуфтанд, ки ин бор бо кадом иттиҳом ва далел Муҳаммадюсуф Исмоилов боздошт шудааст”,-афзуд Қаршибоев.
Раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт, ҳоло дақиқ намедонад, ки боздошти дубораи Муҳаммадюсуф Исмоилов ба фаъолияти касбӣ, яъне журналистияш, рабт дорад, ё на. Вале бо ин ҳол, дастур додааст, ки ҳуқуқдонҳои созмонаш ин қазияро аз наздик пайгирӣ карда, ба мушкили Исмоилов расидагӣ кунанд.
Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки барои нашрияи “Нури зиндагӣ” кор мекард, дар оғози соли 2011 бо иттиҳоми тӯҳмату таҳқир, маҳалгароӣ ва тамаъҷӯӣ боздошт ва тӯли тақрибан 11 моҳ дар боздоштгоҳи муваққате дар Хуҷанд нигаҳдорӣ шуда буд. Аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон боздошти ӯро ба фаъолияти касбияш, бахусус нашри чанд матлаби интиқодӣ дар бораи тақсими ноодилонаи замин ва роҳҳои вайронаи ноҳияи Ашт марбут медонистанд. Ин аст, ки таҳти фишори созмонҳои маҳалливу байналмилалии дифоъ аз хабарнигорон моҳи октябри соли 2011 ӯ аз боздошт раҳо гардид, вале додгоҳ гуфт, Исмоилов тӯли се сол ҳаққи фаъолияти рӯзноманигорӣ надорад.
Дар пайи ин, Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд бо Муҳаммадюсуф Исмоилов ва вакили мудофеи ӯ -- Муҳаббат Ҷӯраева мулоқот карда, гуфта буд, барои таҳқиқи хабарҳо дар бораи тақсими нодурусти замин дар Ашт комиссия таъсис медиҳад.